Имрӯз санаи 6 октябри соли 2017 тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва иҷроиши фармоиши Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба муносибати 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Зайниддин Осимов» ва «Аловиддин Бобоев» филми ҳуҷҷатӣ бо номи «Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳу Ваҳдат»  намоиш дода шуд, ки дар он роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Фирдавс Саидов ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Истиқлол» дар назди кумитаи маҳаллаи «Масҷиди Савр» Ҳамрохон Атаева ширкат варзиданд.

Баъдан, филми ҳуҷҷатӣ бо номи «Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳу Ваҳдат» намоиш дода шуд.

Иштирокчиёни чорабинӣ дар навбати худ баромад намуда зикр доштанд, ки дар пойдории сулҳу суботи кишвар ҳамеша ҷонфидоӣ карда, хизматҳои Пешвои миллатро ҳеҷгоҳ фаромӯш нахоҳанд кард.