Изҳорот

Имрӯз як таксисти камҳамияти тоҷик оид ба вазъи Тоҷикистон сухан ронда, бо эҳсосоти ноҳинҷори худаш авзоъи кишвари моро нохубу муташанниҷ нишон медиҳад, ба тарафи раҳбарияти тоҷик санг мезанад, ки гӯё ҷурми ҳатто шахсони алоҳида ҳам гӯё дар дасти онҳо бошад. Ин одам худашро донандаи кори сиёсату давлатдорӣ нишон дода, аз сатҳи баланди роҳбарияти кишвар фақат ҷурму нуқсон меҷӯяд, ки кори хуб нест. Ӯ аз лиҳози рӯҳиву равонӣ худро таҳлилгар нишон медиҳад, ки гӯё сартосар амнияти кишвар ва стратегияи давлатии беҳтар кардани ҳаётро дар кишвар медониста бошад.

Мо бояд дарк намоем, ки дар ҷаҳони имрӯз танҳо бо идеяву назари наву босалоҳ ва салоҳиятмандона ба ҳаллу фасли мушкилоти кишвар мусоидат кардан мумкин аст, на бо чунин нуқсу камбудиҷӯӣ.

Давлати мо яке аз кишварҳои аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин мебошад. Ба қавли Абулқосим Фирдавсӣ «Пароканда лашкар наояд ба кор, Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор». Мо бояд дар заминаи рафъи камбудиҳо бо ҳам муттаҳид бошем. Боазму иродаи матин, ҷасур ва соҳиби маърифати баланд будани аҳли кишвар мавриди ифтихор ва шарафмандӣ аст. Бо ин амр метавон аз қафомонӣ, бенизомиву бетартибии ҷомеаву давлат ва паст фаромадани обрӯву нуфузи давлат дар минтақа ва арсаи ҷаҳон дурӣ ҷуст.

Мутаассифона, ин гуна афроди ноҷавонмард роҳи ҳалли масъаларо танҳо дар ҷустани айбу наво мебинанд ва рӯи давлатро дар назди дигар тоифа ҳам сиёҳ карданӣ мешаванд. Барои он ки як давлат соҳиб ва барандаи нерӯ ва захираи муайяни ҷисмониву зеҳнӣ бошад, албатта вақт, барномаи мушаххас, иқтисоди пешрав ва иродаи сиёсии роҳбарият хеле зарур аст.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо рӯй додани ҷанги шаҳрвандӣ сиёсат ва иқтисод дар сатҳи нокифоя буданд, ин ҳама боиси қафо мондани соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар гардид. Вале, баъдан Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди сиёсату иқтисод, саноату фарҳанги миллӣ, беҳтар намудани сифати илму донишомӯзӣ кори зиёд ба анҷом дода шуданд.

Аз ҳамин лиҳоз бояд ин гуна бешарафон ҷавобан ба ғамхориву дастгирии давлату ҳукумат барои ватану миллат содиқона хизмат намоянд. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии наслҳоро муайян кардаанд, ки бояд он риоя шавад. Мақсади мо таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии сарзамини аҷдодиямон мебошад. Аз пайи чунин кинаҷӯӣ наравем...

 

Ҷамшеди Каёнӣ–устоди донишгоҳ

аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд