Санаи 22 декабри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи «Маркази Фарҳанг» бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд, аъзои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Раҷаббой Аҳмадзода вохӯрӣ бо аъзоёни кумиҷроияи шаҳрӣ, фаъолону собиқадорони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ҷиҳати амалӣ намудани вазифагузориҳои Раиси ҲХДТ, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Анҷумани 12-уми ҳизб баррасӣ гардида буд, баргузор гардид. Сараввал Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов вохӯриро ҳусни оғоз намуда, ҳамагонро ба фарорасии соли нави мелодӣ табрику муборакбод намуд ва аъзоёни ҳизбро барои амалӣ намудани вазифагузориҳои Раиси ҲХДТ, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷроиши қарорҳои Анҷумани ҳизб даъват ба амал овард.

Сипас, Раиси шахри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баромад намуда, қайд намуд, ки имрӯз ҲХДТ яке аз пештозони сиёсати давлат ва ҳукумати Тоҷикистон буда, тавассути барномаи созандааш барои густариши вазъи иқтисодиву сиёсии давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такя ва мутакко аст. Дар сафҳои он беҳтарин шахсиятҳо сарҷамъ омадаанд, ки метавон бо ин қувваи бузург мардумро ба сӯи фардои дурахшон раҳнамун созад. Дар ҳамин радиф Раҷаббой Аҳмадзода қайд кард, ки КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва ташкилотҳои ибтидоии онро зарур аст дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Анҷумани XII-уми ҳизбро сармашқи кори худ ҳисобида, барои дар амал тадбиқ намудини он чораҳои заруриро андешанд. Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба иҷрои вазифагузориҳои Раиси ҲХДТ, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Анҷумани XII-уми ҲХДТ баён гардида буд, бо назардошти таклифу пешниҳодҳои аъзоёни кумиҷроия қарорҳои дахлдор қабул намуд. Инчунин бо таклифу пешниҳоди Раиси Кумиҷроия муроҷиатномаи аъзоёни ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба маҳкум намудани ҳодисаи нангин, ки санаи 16 декабри соли ҷорӣ дар мактаби артиши шаҳри Пешовари Ҷумҳурии Покистон аз ҷониби терористон рух дода буд, қабул карда шуд.