Дар коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо иштироки интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии «Сари баланд» №20  ва номзадон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мулоқот доир шуд.

Раиси комиссияи ҳавзаи шаҳрии интихобот Хайрулло Нурматов чорабинро ҳусни ифтитоҳ бахшида баён дошт, ки дар мувофиқа бо комиссияи ҳавзавии вилоят шурӯъ аз санаи 11 феврал вохӯриву мулоқотии номзадон сурат гирифта истодааст.

Дар идома номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, номзад ба вакилии Маҷлиси вилоятии Маҷлиси вакилони халқ Хол Ҳайдар бо барномаи пешазинтихоботии худ, ки аз Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарчашма мегирад, аҳли нишастро шинос намуданд.  Номзадон зикр намуданд, ки дар пиёда сохтани ҳадафҳои барномавии ҳизб, ки ҷавҳараш таъмини зиндагии шоиста ба мардум аст, дар сурати пирӯзӣ дар интихобот саҳмгузор хоҳанд буд.

Сокинони ҳавза оид ба кӯмаки моддӣ, мумфаршкунии кӯчаҳои ҳудуди маҳал, бештар бо сокинон мулоқот оростани вакилон таклифҳои мушаххас доданд.

Вохӯрӣ бо ҳамин анҷом пазируфт.