Ба муносибати пешвозгирии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ – рамзи сарҷамъи ва ягонагӣ” баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов, Раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, пешсафони ҳизб ва собиқадорони ҳизб иштирок доштанд.

Маликисломӣ Наим Мунаввар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд конференсияро ифтитоҳ намуда, ҳамагонро бо Иди Ваҳдати миллӣ табрик кард. Мавсуф дар суханронии хеш қайд кард, ки имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки бо талошу заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, саҳифаи наверо дар китоби сарнавишти миллати куҳанбунёди тоҷик боз намуд.

Мардуми шарифу сарбаланди кишвар тавонистанд дар атрофи ғояҳои сулҳовари Сарвари давлат муттаҳид шуда, соҳиби Ватани ободу озод гарданд. Маҳз майлу иродаи қавӣ, ҷидду ҷаҳд ва ваҳдати мардуми бонангу номуси Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки сулҳу оромӣ дар кишвар барқарор гардид.

Таманно мекунем, ки дар кишвари биҳиштосоямон ливои сулҳу ваҳдат, якдиливу якпорчагӣ доимо парафшон, сулҳу оромӣ ва тинҷию осудагӣ дар хонадони ҳар як сокини кишвар ҷовидон бошад.

Сипас, муовини раиси Кумитаи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов номаи табрикотии Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохонро бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба самъи ҳозирин расонд.

Баъдан маърӯзаи устоди факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Меҳриддин Муҳаммадизода дар мавзӯи  “Омилҳои дохилӣ ва хориҷии таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон”  ва устоди кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ Шифоатхон Шарипова дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ ва омилҳои ташаккулдиҳии худшиносии миллии ҷавонон” шунида шуд.

Ҳамчунин, аз ҷониби иштирокчиён низ ба музокира баромада, оиди дастовардҳои 25 соли Ваҳдати миллӣ ҳарф зада, саҳми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар таҳким ва пойдории Ваҳдати миллӣ баён доштанд.

Дар фарҷоми конференсия якчанд нафар фаъолони ҳизб бо Сипоснама ва туҳфаи хотиравии кумиҷроияи шаҳр сарфароз карда шуданд.