Кормандони  МСИҶБВ ҷинояти террористии рӯзи  29.07.2018с.  дар  ноњияи Данғараи вилояти Хатлон содир  шударо, ки дар  натиҷаи  он 4  нафар сайёҳи  хориҷӣ ба  ҳалокат  расида  2  нафар ярадор  шуданд, сахт  маҳкум намуда аз  ин ҳолат ниҳоят ғамгин шуданд.

Санаи  1.08.2018 с. дар маҷлиси умумии МСИҶБВ кормандон  қайд  карданд, ки ин акти террористӣ боиси андӯҳ ва  таассуфи бепоёни мо гардид. Он  душманони  миллат, ки ба  оромии ҷомеъаи мо халал мерасонанд, ҳаргиз ба  мақсади  нопоки худ  расида  наметавонанд. Њамаи он   заҳматҳое, ки Асосгузори  сулҳу  вањдати миллӣ, Пешвоӣ миллат Президенти Ҷумњурии  Тоҷикистон мӯњтарам Эмомалӣ Раҳмон бањри рушди кишвар ва фароҳам  овардани зиндагии шоиста ба  мардум нигаронида шудааст, моро водор месозад, ки оиди ҳодисаҳои  террористӣ ва экстримистӣ, ки дар кишварамон содир  кардани мешаванд, бетарафӣ зоњир накунем ва барзидди онњо сарҷамъона мубориза барем. Мо ба мақомоти қудратии кишвар боварӣ дорем ва тайёр  ҳастем, ки якҷоя садди роҳи хоинони  миллатро гирем.

Нест  бод  хоинони  давлат!