Бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву ифтихори ватандорӣ дар Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Хизмат дар сафи Артиши миллӣ мактаби мардонагист» вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии таърихи мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд. Зеро таъсиси Артиши миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ зарурати шадиди рӯз ва тақозои мубрами он айёми басо вазнину тақдирсоз буд.

Бо вуҷуди ҳама норасоиву мушкилоти он айём, 23-юми феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбии Артиши миллӣ доир гардид ва афсарону сарбозони содиқи Ватан дар ин чорабинӣ бо ифтихору эҳсоси баланди ватандӯстӣ иштирок намуданд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб шуда, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин риояи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дарк намудаанд, ки нақши Артиши миллӣ дар пойдории сулҳу субот ва оромию тинҷии мамлакат арзанда аст.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ ба якчанд фаъолон Сипоснома ва тӯҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.