Имрӯз тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва бо ташаббуси вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Себзор № 7 Маликисломӣ Наими Мунаввар дар қабристони «Найсувор» шанбегӣ доир карда шуд.

Дар шанбегӣ беш аз 30 нафар ҷавонони  коллечи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз ширкат варзида, атрофи қабристон ва дохили онро аз алафҳои бегона тоза карда, саҳни онро рўбучин намуданд.

Чунин иқдом минбаъд низ идома хоҳад кард.