Гурӯҳе аз кормандони шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  дар ҳамкорӣ бо шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД –и шаҳр, маркази саломатӣ ва маркази санитарию беҳдоштии шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус фаъолияти кошонаҳои ҳусни шаҳри Хуҷандро мавриди санҷиш қарор доданд.  

Зимни азназаргузаронии кошонаҳои ҳусн маълум гардид, ки роҳбарияти ин кошонаҳо фаъолияти худро мутобиҷ ба талаботи ситоди пешгирӣ аз ин беморӣ пеш бурда истодаанд. Мизоҷон зимни воридшавӣ бо маҳлулҳои антисептикӣ безарар гардонида шуда, ҳангоми ороиш фосила ба инобат гирифта мешавад. Ба ҳар як миҷоз сачоқҳои яккрата истифода карда мешавад.

Дар мулоқот ба кормандон дастур дода шуд, ки теъдоди муштариён ҳангоми вуруд ба кошонаҳо назорат гирифта шавад ва нафароне, ки бе ниқоб ворид мешаванд, онҳоро огоҳонида ба онҳо хизмат расонида нашавад.

Ёдовар мешавем, ки бар асари паҳншавии бемории сироятии коронавирус наздики 50 рӯз фаъолияти марказҳои ҳизматрасонӣ қатъ карда шуд ва масъулини ин кошонаҳо ба хубӣ медонанд, ки дар сурати иҷро нашудани талаботҳои санитариву гигиенӣ мақомотҳои дахлдор ҳақ доранд, ки фаъолияти марказҳои хизматрасониро қатъ намоянд.