Бо мақсади иҷрои қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ аз 25 майи соли 2023, таҳти рақами 2 ва қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 13 июни соли 2023, таҳти рақами 6 дар бораи гузоронидани маъракаи ҳисоботӣ-интихоботӣ имрӯз дар ташкилоти ибтидоии “ Хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона”-и назди  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Дар кори маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева иштирок варзид.

Раиси ташкилоти ибтидоӣ Замира Ҳомидова оид ба фаъолияти яксолаи ташкилоти ибтидоии хеш дар назди ҳозирин ҳисобот дод.

Ҳамҷунин дар маҷлис масъалаҳои дигари рӯзнома низ баррасӣ гардида, тибқи овоздиҳӣ ва тарафдории аъзоҳои ташкилоти мазкур раиси  ташкилоти ибтидоии “Хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона” Замира Ҳомидова аз нав интихоб карда шуд.

Ҳамзамон муовини раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева баромад намуда, ҳисоботи солонаи ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш арзёбӣ кард. Ҳамчунин  оид ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ, арзишҳои миллӣ, инчунин ҷалби ҷавонон ба ватандӯстиву хештаншиносӣ  ва  дигар вазифаҳову масъулиятшиносии ҳар як аъзои ҳизб ибрози андеша намуд.