Аз рӯйи нақша – чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи хониши сиёсӣ дар мавзӯи “ Терроризм хатарест ба аҳли башар” бо аъзоёни фаъоли кумитаи маҳаллаи “Раззоқ” ва “Қорираҳмат Қурбонов” барпо гардид.

Дар вохӯрии мазкур қайд гардид, ки дар шароити имрӯза зуҳури ифротгароӣ ба мушкилиҳои алоҳида ва аҳли башар табдил ёфтааст. Ин мушкилот тамоми аҳли башарро ба таҳлука ва ташвиши зиёде овардааст. Аз ин рӯ пешгирӣ аз ифротгароӣ ва тундгароӣ яке аз ҳадафҳои муҳим дар шароити имрӯза ба ҳисоб меравад.

Ҳолати гаравиши бархе аз ҷавонони кишвар ба ифротгароию тундгароӣ моро ба он водор месозад, ки ба тарбияи насли оянда диққати махсус диҳем. Дар ин самт тарбия ва тақвияти ҷавононро нисбат ба худшиносию худогоҳӣ бисёртар намоем.

Аввалан худшиносию худогоҳии ҷавонон онҳоро зираку ҳушёр мекунад ва имкон намедиҳад, ки ҳар гуна созмону гурӯҳҳои бадхоҳ онҳоро ба доми худ кашад. Ҷавонони худогоҳ ва худшинос нақшаҳои махсуси худро доранд ва ба ҳар гуна нақшаҳои дигарон пайваст намешаванд. Мегӯянд, ки ҳар шахсе, ки дар зиндагӣ нақшаю мароми худро надорад, дер ё зуд асири нақшаи дигарон мегардад. Бинобар ин бояд ҷавонони мо тарбияи худшиносию худогоҳӣ дошта бошанду, самти зиндагиашонро бо нақшаҳои худ муайян кунанд, то ки асири дасти дигарон ё нисфи нақшаи бадхоҳон, махсусан ифротгарону хоинони Ватан нагарданд.Баръакс ҷавононро ба руҳияи ватандӯстӣ ҳидоят намуда, эшонро аз шомилшавӣ ба ҳаргуна корҳои ношоям  нигоҳ дорем.