Бо мақсади тарбияи ифтихори ватандориву ватанпарастии ҷавонон ва саҳмгузоштан дар ободии кишвар тибқи нақша-чорабинии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»- Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд санаи 21-уми сентябри соли 2019 дар назди Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд шанбегӣ баргузор гардид. Дар шанбегӣ зиёда аз 20 нафар аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»  ширкат варзида, ҷӯйборҳо ва гирду атрофро аз партовҳо тоза карданд.