Бо  ташаббус   ва     пешниҳоди     асосгузори  сулҳу    ваҳдат пешвои   миллат    президенти  кишвар   эмомалӣ    раҳмон  соли    2017    эълон  намудани   соли   ҷавонон   мавриди   муҳим  қарор  дорад. зеро  ҷавонон  пешбарандаи  ҷомеа  ва   ҷамъият мебошанд. ҷомеаи    имрӯзаи  мо   ҳамаи  шароитҳоро ба  ҷавонон  муҳайё намудааст,ки   ҷавонони  мо  метавонанд  аз  онҳо   истифода  баранд    ва  вақти  холигии   худро  беҳуда    сарф  накунанд.

Ба  ин  мисол  шуда  метавонад, марказҳои   омӯзиши  забонҳои хориҷӣ,  омӯзиши  ҳунармандӣ, касбомӯзӣ, омӯзиши  технологияи иттилоотиву  коммуникатсионӣ,  ташкили марказҳо  ва маҳфилҳои техникии ҷавонон,ташкили  марказҳои  хонандагони  болаёқат, толорҳои  варзишӣ, китобхонаҳо  ва  ғайра   мавҷуданд. барои  баланд  бардоштани сатҳи дониш ва маърифатнокии  донишҷӯён  ва хонандагон китобхонаҳои шаҳрӣ,  вилоятӣ, ноҳиявӣ   хизмат  менамояд, ки дар он толорҳои кор  бо компютер  ва  интернет, толори   китобхонӣ,  истифода  аз  адабиётҳои  бадеӣ ва  дарсӣ, барои навиштани корҳои илмӣ,маърӯзаҳо, мақолаҳо  вобаста ба мавзӯъ мавриди мусоид қарор дорад. илмомӯзӣ  ва    соҳиби касбу  кор   гаштан  ба  ҷавонон   бениҳоят   зарур  аст. Зеро   бузургон  гуфтаанд: илмат ба амал чу ёр гардад, қадри  ту яке  ҳазор гардад. Қайд кардан лозим аст, ки мавқеи ҷавонони  хирадманду  созанда ва адлпарвару донишманд  ҳамчун  нерӯи   созанда  ва  иқтидори  воқеӣ   дар  партави   дастгирии   густурдаи  давлату   ҳукумат   қарор      дорад.

     Ҷавонони  мо   мекӯшанд  то   андозае  дониши  худро  сайқал   диҳанд   ва  ҳатто  дар  кишварҳои   хориҷа  илм  омӯхта, таҷрибаи   худро   дар   корхонаҳои   давлатӣ   бо   истифодаи   технологияи нави муосир корбарӣ намоянд.  ба  гуфтаҳои  пешвои миллат дар  мо   дастгоҳҳои   технологияи  муосир мавҷуданд, локин мутахасис   намерасанд. боиси    хушнудист,ки   хонандагони  мо  ба   донишгоҳҳо   ба    тариқи   тести  миллӣ  дохил   мешаванд. Ин  ҷавонони  моро   водор  сохт, ки   барои  баланд   бардоштани  дониши худ аз дарсҳои иловагӣ  вобаста  ба  касби   интихобкардаи  худ   аз  якчанд фаннҳо  таълим   гиранд. Сафи донишҷӯён   сол аз  сол  меафзояд.

Бинобар  ҷавононро  замона  водор  сохт, ки  илмомӯзӣ   ва   донистани  забонҳои  хориҷӣ  бениҳоят   зарур  аст.

                  Забон  донӣ  ҳар  қадар

                  Забон  донӣ  ин  ҳунар

                  Зарур    бувад,  ки   донӣ

                  Забони   модар  падар

Пеш  аз  ҳама  мо  ҷавонон   набояд,   забони  модарии   худро   гум  ва фаромӯш кунем. Аз   ашъори   гузаштагони  худ   бархурдор  бошем.тарзи  пӯшидани либоси  миллии  худро  ,ки  ба  ҳар  як фарди   тоҷик  зебанда  аст   ба  расмият    дарорем. Дар  даврони  мо   ҷавононе   ёфт   мешаванд, ки  аз   урфу  одатҳо   ва  расму  оинҳо, мероси  гузаштагони    худ ро  дуруст  аз  худ  накардаанд, ки ин  боиси   нофаҳмӣ  ва   ҷудошавии оилаҳои ҷавон мегардад. Пеш аз барпо  намудани  оилаи солим бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Маън   кардани  никоҳи  хешу табор боиси  кам  шудани  шумораи    кӯдакони  ба  бемориҳои  гуногун гирифторшуда мебошад. Замона  водор  месозад, ки  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаи таълимии давлатӣ ҷорӣ намудани   фанҳои «Маърифати  оиладорӣ», «Хештаншиносии миллӣ», «Этика  ва  эстетика» ҷорӣ карда  шавад. Яке аз вазъияти доғи рӯз ин аз дараҷаи  паст будани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинӣ  воқиф набудан аз дини мубини ислом, ин боиси сабабҳои  шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад. Вазифаи  аслии  мо, аҳли ҷомеа хусусан ҷавонон, бояд  таъиноти  иҷтимоии  давлатро, ки   ба  хотири   манфиатҳои   умум равона карда шудааст, хуб  дарк  намоем. Паёми  имсолаи  пешвои  миллат  Эмомалӣ Раҳмон, ки  «соли  2017-соли ҷавон» эълон шудааст дастгири менамоем. Барои  ободии  давлату  миллати  худ   саҳмгузор  ҳастем.

 

Маҳфуза Раҳимова

омӯзгори муассисаи давлатии

 таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд