Дар ҷараёни боздид аён гардид, ки фаъолияти Ситод мутобиқ ба меъёрҳои талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

Дар Ситоди пешазинтихоботӣ ҳамарӯза тибқи ҷадвал навбатдории аъзоён ба роҳ монда шуда, утоқи корӣ бо телефон, компютер, маводҳои конселярӣ ва дигар лавозимоти зарӯрӣ таъмин аст

Зимни боздид ҳуҷҷатҳои Ситод аз назар гузаронида шуда, барои тақвияти кори Ситод аз ҷониби намояндаи Кумиҷроияи Марказӣ дастурҳои мушаххас пешниҳод карда шуд.