Дар асоси баромадҳо, супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказию Вилоятии ҲХДТ бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани сохторҳои ҳизб, ояндабинӣ дар фаъолияти ҳамаҷонибаи он ва барои муайян намудани сифатҳои кордонию шахсӣ, натиҷаҳои иҷрои вазифаҳои ҳизбӣ, такмили фаъолият, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, таъмини мувофиқати онҳо ба мансаби ишғолнамуда, беҳдошти сифат ва самаранокӣ раисони ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз аттетсатсия гузаронида шуда истодаанд. Тибқи нақша ҳамаи раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аз аттетсатсия гузаронида мешаванд.