Санаи 19 июли соли 2023 дарси аввалини курси захираи кадрии назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Тӯразода Ҷамшед Аскар декани факултети бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент ва Саодат Аминҷонова муовини сардухтури Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 баргузор гардид.

Нахуст, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов ҳузури меҳмонро хайрамақдам намуда, бо иштирокчиёни курси захираи кадрӣ шинос намуд.

Сипас, маърӯзаи Тӯразода Ҷамшед декани факултети бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ дар мавзӯи “Рушди туризм ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ” ва маърӯзаи Аминҷонова Саодат Сайфинаҷотовна муовини сардухтури БКШ №1 дар мавзӯи “Солимии миллат боигарии давлат” шунида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд мактаби омодакунии захираҳои кадрӣ ҳафтае як маротиба амал мекунад, ки дар он, занон ва ҷавонон аз мактаби бузурги роҳбарии шахсиятҳои варзида сабақ меомузанд.