Шӯрои духтарони назди шӯъбаи кор бо занони Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳамеша ва мунтазам дар роҳандозӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Оинома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода, барои созандагиву ободонии кишвар ҳиссаи арзанда мегузорад.

         Мавриди баррасӣ  қарор дода шудани мавзӯи “Дар ҷавоӣ дар пиронро азаз...”  дар ҳошияи нақшаи кории Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияии Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сарварии Раиси муаззами он муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ҷавондухтаронро ба роҳи рост ҳидоят намудан, хештаншиносу меҳанпараст будан, ҳурамати калонсолонро ба ҷо овардан аз ҳадафҳои калидии Шӯрои духтарон маҳсуб меёбад, ки дар баланд бардоштани маърифати эшон шароит фароҳам меоварад.

         “Маҳз  поси хотираи калонсолон ва эҳтироми онҳо натиҷаи хуб ба бор меоварад, ки мевааш саодатмандӣ ва хушбахтии фард аст, – иброз дорад, дар бароманди хеш Раиси Шӯрои духтарон Матлуба Зоҳидҷонова. – Азизи дигарон шудан аз азиз доштани куҳансолон сарчашма мегирад сарчашма мегирад.  Талқини ин ғояи гуманистӣ моро бештар ба рӯзгори осудаву биҳиштӣ хоҳад расанд.”