Дар доираи 1300 рӯзи ободонӣ ва бунёдкорӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвари азизамон корҳои азими созандагӣ вусъати тоза касб мекунад. Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни миллии Сада, ки яке аз оини ин иди саид тозаву озода нигоҳ доштани хонаву дар ва макони зист мебошад, тибқи дастури Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз санаи 20 январ таҳти рақами 4 дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  субҳи имрӯз наздики 1000 нафар сокинони шаҳр, аъзоёни фаъоли ҳизби кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд,  ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан», сокинони маҳаллаи «Дӯсти халқҳо» ба ҳашари умумихалқӣ баромада, атрофии мавзеи боғи навбунёд ва планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандиро тозаву озода намуданд.

Боғи мазкур ҳамчун армуғон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни миллии Наврӯз мавриди истифода қарор гирифта, он макони сайру сайёҳат ва мавзеи диданӣ барои сокинон ва меҳмонони хориҷӣ хоҳад шуд. Қаблан ин ҷой хеле манзараи табоҳ дошта, бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шахсан Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода имрӯз ба гулгашт табдил ёфт. Илова бар ин дар ин ҷой планетарияи овозадори шаҳри Хуҷанд бо тарҳи замонавӣ бунёд ва барои дӯстдорони илми афлокшиносӣ макони хубе хоҳад буд.