Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯзи ҳуҷастай дар ташкилоти ибтидоии «М.Осимӣ»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд озмуни «Бонуи сол»-и Донишкадаи политехники Донишгоҳи техникии Тоҷикистон миёни донишҷӯдухтарон доир гардид. Озмуни мазкур аз рӯи 6 шарт- пазироӣ, бурдани тӯб, маҳорати ҳунарӣ, саволу ҷавоб, маҳорати забодонӣ ва рақсу шеърхонӣ иборат буд. Донишҷӯён дар ҳар шарти озмун ширкати фаълона доштанд. Махсусан ба ҳайати ҳакамон тарзи пухтани хӯрокҳои миллӣ, дӯхти либосҳо аз матои атласу адрас ҳунари забондониву шеъргӯии духтарон писанд афтод. Юсупова Шаҳноза, донишҷӯи факултети информатика ва энергетика бо гирифтани 25,8 хол ғолиби мутлақи озмун эълон гардид. Зинаҳои баъдиро Нормаҳмадова Мавзуна, донишҷӯи факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ бо ба даст овардани 23,4 хол, Ҳасанова Саидабону, донишҷӯи факултети сохтмон ва нақлиёт бо гирифтани 21,6 хол ва зинаи чорумро Сотиволдиева Ҷаҳоноро аз факултети муҳандисӣ- технологӣ бо ба даст овардани 18,4 хол ишғол намуд. Ба ҳамаи иштирокчиён дар вазъияти тантанавӣ директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Сангинова диплом ва тӯҳфаҳои хотиравиро тақдим намуда, ба маҳорати суханварию ҳунарварии духтарон баҳои баланд дод. Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки таҳсил дар донишада бо вуҷуди масъулияти зиёдро талаб намудан, духтарони донишкада мунтазам дар олимпиадаву озмунҳо ва чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ ширкати фаълона доранд ва мо ифтихор аз чунин духтарони соҳибзавқу масъулиятпеша дорем. Бо ҳамин чорабинӣ хотима ёфт.