Конференсияи 18-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ширкати вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, собиқадорони ҳизб ва беш аз 143 нафар вакилон доир гардид. Дар кори конференсия ҳамчунин роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд Каримов Толиб Бобоевич иштирок намуд.

Пас аз тасдиқи ҳайати раёсат, котибот, рӯзномаи кори конфронс, комисияи мандатӣ,  раиси кумиҷроия Наим Маликисломов чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки ба муҳокимаи конференсияи 18-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд масъалаҳои пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ьавзаи интихоботии шаҳри Хуҷанд Ситора №13 ва Хуросон №29 ба ҷои вакилони хориҷшуда ва ворид намудани тағйиру илоҳо ба ҳайати аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд пешниҳод карда мешавад.

Вакилони конференсия ба ивази вакилони хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаҳои интихоботии Ситора №13» номзадии муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, аъзи ҲХДТ Муҳаммадҷонзода Маъруф Тӯхтабой ва ҳавзаи интихоботии Хуросон №29» номзадии муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд, аъзои ҲХДТ Ғайбуллозода Хайрулло-ро пешбарӣ намуданд. Бо овоздиҳии аксарият шахсони номбурда номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд пешбарӣ гардиданд.

Баъдан, раисикунандаи Конференсия гуфт, ки ҳайати аъзоёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз 43 нафар иборат мебошад. Бинобар сабаби ба кори дигар гузаштани аъзои кумиҷроия Бобоев Аюбҷон ба ҷои ӯ аъзои ҳизб, директори коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Комилов Илҳомҷон интихоб карда мешавад.

 Инчунин, бо овоздиҳии вакилони Конференсия директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Олимӣ Рауф Латифӣ ва директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Сангинова Дилафрӯз Абдурабиевна ба ҳайати аъзои кумиҷроия интихоб карда шуданд ва аъзоёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд 45 нафарро дарбар гирифт.

Бо ҷонибдории аксарияти вакилон ҳайати нави аъзоёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тасдиқ карда шуданд.

Ба ҳамаи масалаҳои кори рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Бо ҳамин конференсия ба кори худ анҷом бахшид.