Бо фарорасии соли нави хониш теъдоди бошандагони шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби донишҷӯён ба маротиб афзоиш ёфт. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки имрӯз дар кӯчаву хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо рафтуои сокинон ба тадриҷ афзуда, таассуфовар он аст, ки нафарони бе ниқобгашта дар қиёс ба ду се ҳафтаи пешин зиёд шудаанд. Дар доираи нақша – чорабинии ситоди вилоятии оид ба мубориза ва пешгирӣ аз бемориии сироятии КОВИД -19 бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таҳти роҳбарии Эҳсон  Исоев дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби беш аз 50 нафар аъзоёни ин ташкилот дар боғи истироҳатии ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ чорабинии маърифатӣ ва роҳнамоӣ доир шуд. Зимни баргузории чорабинӣ ҷавонони ташаббускор нафарони сайргаштмекардаро ҳушдор медоданд, ки бе ниқоб ба кӯча набароянд, худ ва ҳамсолонро таъкид созанд, ки пайваста шустани даст бо собун, пошидани маҳлулии зиддисироятӣ  ва дар маҷмуъ риояи гигиенаи шахсӣ метавонад хатари сироятёбиро камтар мекунад.

Чунин ташаббусҳо минбаъд низ идома меёбад.