Мардумро ба ҳамкории сиесӣ даъват кардан, онҳоро ба кори давлатдорӣ ҷалб намудан, дар роҳи сулҳу субот, созандагиву ободкорӣ баҳри зиндагии шоиста рохнамоӣ намудан рисолати аслӣ ва ҳадафи ҷонии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор меояд, ки ин масъулият аз рӯзҳои нахустини ҷараёни мушкилу пурихтилофи  сулҳи миёни тоҷикон оғоз гардидаву имрӯз чун як давлати том, озоду обод, демокративу ҳуқуқбунёд назару андешаи аксарияти мардумро ифода намуда, барои амалӣ сохтани мақсадҳои наҷибу созанда талош меварзад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо назардошти татбиқи Барномаи хеш, ки ҷавҳари онро ҷомеаи адолатпарвар ташкил медиҳад, бо ташаббусу иқдомҳои созанда, зина ба зина баҳри беҳдошти сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои зиёдеро амалӣ карда истодааст.

Ҷоиз ба қайд аст, ки маъруфияти Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз дастгирии мардум аст. ХХДТ  - хизби парламентӣ буда, тамоми меъёрҳои конститутсиониро риоя менамояд ва дар асосу назардошти онҳо барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ муборизаи осоишта мебарад, яъне эҳтирому эътирофи давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ асоси фаъолияти ҳизби мо мебошад. Аз тарафи дигар, ҳама гуна ҳизбро Пешвои он бо ақлу идрок, ташаббусу кордонӣ, тадбирҳои созандаву барозанда, кудрати ҷалби оммаи васеъ, фарҳанги воло, назари неку дурбин муаррифӣ мекунад.

Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик сулҳ овард, мардумро аз гирдоби ҳалокат ба маҷрои ҳаёти босаодат - созандагиву ободкорӣ ворид намуд, бо ҷону дил демократияро пазируфт ва волоияти қонунро таъмин намуд. Ва подоши амалҳои неку шоистаи Сарвари давлат Ӯро ба Пешвоӣ, ки ҳадяи  халқу Худост, оварда расонд.

Ташаббусҳои бензираш дар раванди таҷаддуду ташаккули сулҳу дустӣ, ақидаҳояш оид ба мубориза алайҳи терроризм ва хушунат,ташкили иттиҳоди зидди маводи нашъа, Соли оби тоза ва Даҳсолаи амалиёт “Об барои рушди устувор, ‎2018 – 2028” соли 2018  - “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва руи кор омадани Барномаи стратеӣй барои рушди сайёҳӣ ва ғайра далолат аз он аст,                Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз хиради беназиру волояш, аз нерӯ ва таҷрибаи андухтаи хеш тавонист, моро ба худи мо ва ҷаҳониён муаррифӣ намояд, ба равандҳои ҷадиду муташанниҷи дар ҷомеа ба амал омада таъсири ҳалкунанда ва бориз гузошта, ҳаёти сиесӣ-иҷтимоии кишварро барои даҳсолаҳои оянда муайян намояд. Ин ҳама созандагиву ободкории Хукумату давлат дар ҳоле дастраси мардум хохад шуд, агар фазои иттилоот  солим ва дар шароити муборизаҳои осоиштаи ҳизбу ҳаракатҳо фаъолият намояд ва дар ин самт хидмати зиёиён - таблиғотчиён  беназиру беҳамтост, - мегуяд  Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шахри Хуҷанд Наим Маликисломӣ дар машварати навбатӣ бо аъзоёни гуруҳҳои ташвиқотию тарғиботии назди кумиҷроияи шаҳрӣ ва афзуд, ки ба андешаи Сарвари хизби мо: «Бонуфузтарин ҳизби мамлакат ба сухани воло,таблиғи бештар, раҳнамоии нек, ташаббусу ибтикори бунёдкорона ва ибрози назари солим ниёз дорад»