Мусаллам аст, ки шароити зисту зиндагонии маъюбону барҷомондагон таҳти ғамхории ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар ин замина бо ибтикори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии оилаҳои ниёзманд ва маъюбон нафақаҳои ҳизбӣ ҷорӣ гардида, ҳар моҳ сари вақт дастрас карда мешавад.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҳизб Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шҳари Хуҷанд бо иқдоми некбинона ва хайрхоҳона ба 14 нафар маъюбон аз оилаҳои ниёзманд ҳар моҳ ба маблағи 500 сомонӣ нафақапулӣ ҷудо намудааст.

Дар арафаи пешвозгирии ҷашни 32 – юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони кумиҷроияи шаҳрӣ тасмим гирифтанд, ҳар яки онҳоро аёдат намуда, нафақаи ҳизбиро тақдим карданд.