Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳа диққати аввалиндараҷа дода, ба даст овардани истиқлолияти энергетикии мамлакатро яке аз ҳадафҳои стратегӣ эълон намуданд. Самараи таваҷҷуҳ ва талошҳои шабонарӯзӣ буд, ки бо бунёди нерӯгоҳи азими «Роғун» ва дигар нерӯгоҳҳои хурду бузург имрӯз таъминоти барқ ба аҳолӣ беҳтар гардида, садҳо корхонаҳои азими истеҳсолӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Итминони комил дорем, ки бо бунёди дигар агрегатҳои нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» кишвари мо ба истиқлолияти комили энергетикӣ расида, ба мамлакати бузурги интиқолдиҳандаи барқ дар минтақа мегардад.

Хеле хушоянд аст, ки таъминоти сифатии барқ дар шаҳри Хучанд хуб ба роҳ монда шуда, дар расми ифтитоҳи зеристгоҳҳо шахсан Пешвои муаззами миллат ширкат варзиданд.

Боварии комил дорем, ки сокинони баору номуси шаҳри Хуҷанд минбаъд низ фарҳанги истифодабарии нерӯи барқро риоя намуда, дар мавсими сармон пеши роҳи исрофкориро мегиранд.

Бо истифода аз фурсати муносиб кулли кормандони соҳаи энергетикаи шаҳрро бо Иди касбиашон - Рӯзи энергетикҳо хуҷастабод намуда, ба ҳар яки онҳо саломатӣ, умри бобаракат, хушбахтӣ ва комёбиҳои тозаи меҳнатӣ таманно менамоям.