Дар КВДК «Хуҷандобуканал» дар партави интихоботи вакилони халқ мулоқот баргузор гардид.

Носир Ғафурзода директори генералии идораи «Хуҷандобуканал» вохӯриро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоботи вакилони даъвати нав ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва интихоботи вакилон ба ҷамоатҳои деҳот ва шаҳракҳо 1 марти соли 2020 ба нақша гирифта шудааст. Ин шашумин интихоботи парлумонӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Имрӯз дар қаламрави мамлакат тамоми тадбирҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намдани ин маъракаи муҳими сиёсӣ андешида шуда истодааст.

Сипас, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарифҷон Тоҷибоев доир ба маромномаи ҲХДТ ва роҳи тайнамудаи он маълумоти муфассал дод. Таъкид намуд, ки агар ба таърихи ташаккулёбӣ ва густарда шудани нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа назар афканем, бармалост, ки давраи ташаккулёбии ҳизб маҳз ба фаъолияти роҳбарии фарзанди соҳибфитрати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рост меояд. Бо интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва роҳбарии хирадмандонаи ин абармарди майдони сиёсат эътибори ҳизб, мақому мартабаи онҳое, ки шарафи узвияти ин неруи тавонои сиёсиро доштанд, ба маротиб боло рафт ва муҷиби густардатар шудани нуфузи ҳизб дар назди сохторҳои дахлдори ҳокимияти иҷроияи давлатӣ гардид.

Зикр гардид, ки таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон гувоҳ аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи ниҳоят мураккаби таърихӣ, бо мақсади ҳифзи манфиатҳои миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва таъмини якпорчагии мамлакат ташкил ёфта, дар як муддати кӯтоҳ тавонист ба як ташкилоти бонуфузи сиёсӣ, такягоҳи боэътимод, ҳизби ормонҳои миллӣ ва дорои сохтори муназзаму мураттаби ташкилӣ табдил ёбад. Маҳз ҳамин авомил сабаб шуд, ки аксари мардум ғояҳои сиёсию иҷтимоии онро дастгирӣ карданд. ҲХДТ тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи Барномаи худ, бо такя ба масъулиятшиносию қудрати зеҳнии аъзояш ва дастгирии бештари қишрҳои дигари солимфикри ҷомеа дар барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва гузаронидани ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ талош варзида, дар ташкили сохторҳои нави давлатӣ саҳми намоён гузошт.

Пӯшида нест, ки меҳвари фаъолияти ҳар як ташкилот ё ҳаракати сиёсӣ ин фаъо¬лияти ғоявии он мебошад. Ҳар як ҳизб ғояи худро дорад, ки бо шаклу усул ва васоиту роҳҳои гуногун кӯшиш менамояд, онро амалӣ созад. ҲХДТ таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути татбиқи иҷрои хостаҳои доманадору пурсамари худ исбот намуд, ки дар низоми сиёсии ҷоме¬аи Тоҷикистон ба яке аз омилҳои муҳими таъсиррасонии сиёсӣ ва неруи пешбари ҷомеаи навини тоҷикон табдил ёфтааст.

Шарифҷон Тоҷибоев дар идомаи суҳбат роҷеъ ба дастовардҳои муҳими соҳоти хоҷагии халқи мамлакат дар замони Истиқлолият маълумоти муфассал дод.

Дар анҷоми мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки бо натиҷагирӣ аз фаъолияти пурсамару чашмраси ҲХДТ ва назари чанде аз олимону коршиносони соҳа имрўзҳо метавон хулоса кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурбинонаи худ бештару пештар аз ҷониби қишрҳои мухталифи ҷомеа дастгирии амиқ меёбад ва дар маъракаҳои муҳими сиёсии дар пешистода ҷонибдории аксарияти мардумро ба даст оварда, ғолибу пирӯз хоҳад гардид.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд