Санаи 24-уми октябри соли 2014 дар маҷлисгоҳи «Маркази Фарҳанг»-и шаҳри Хуҷанд Конференсияи ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, мудири шӯъбаи ҳуқуқии Кумитаи иҷроияи Марказии ХХДТ Раҳмонзода Абдулло, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов ширкат варзиданд. Инчунин дар ин Конфронс ҳамаи вакилони даъватшуда иштирок намуданд. Конференсияро Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов кушода эълон намуд ва раисии ин конфронсро ба ӯҳда дошт.

Дар ин Конференсия Ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз моҳи июни соли 2012 то моҳи сентябри соли 2014, Ҳисоботи Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар давраи ҳисоботӣ, Интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, Интихоби ҳайати нави комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, Интихоби вакилон ба Конференсияи 11-уми ҲХДТ дар вилояти Суғд, Интихоби сармуҳарири рӯзномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Оид ба масъалаи якуми рӯзнома Раиси Комиҷроия Наим Маликисломов баромад намуда, қайд намуд, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти худро дар давраи ҳисоботӣ тибқи нуктаҳои Оинномаи ҳизб, Қарорҳои Анҷумани ХI-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Қарорҳои Конференсияи Х-уми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дастуру ҳидоятҳои созандаи Раиси ҳизбамон, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монд. Дуруст ба роҳ мондани тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони истиқлолият, ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва алалхусус, хизматҳои шоистаи пешвои ҳизбамон дар такими давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу ваҳдат, пешбурди иқтисодиёт ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум буд, ки сафи аъзои ҳизб дар шаҳри Хуҷанд ба 8502-нафар расонида шуд. Дар ин замина ташкилотҳои ибтидоии ҳизб аз 95 адади конфронси охирин ба 147 адад расид. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки боло рафтани обрўву эътибори ҳизб баробари фаъолияти пурсамари он ба шахсияти пешвои он низ вобастагии калон дорад. Маҳз обрўву эътибор ва нуфузи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, меҳру муҳаббати беандозаи халқ нисбати он кас буд, ки дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 2072 нафар сокинон- одамони касбу кори гуногун бо амри дил ба ҳизби мо пайвастанд. Дар ҳисобот Раиси Комиҷроия оид ба корҳои иҷрошуда аз тарафи ҳизбиён дар давраи ҳисоботӣ ёдовар шуда, гуфт, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр бо мақсади ҷалби ҳар чи бештари аъзоён ва бо ин васила наздик намудани мардум бо ҳадафҳои барномавии ҳизб чорабиниҳои зиёдеро бахшида ба санаҳои таърихӣ баргузор намуд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд қайд кард, ки мо масъулону аъзоёни ҲХДТ таҳти роҳбариву раҳнамоии пешвои муаззами ҳизбамон Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ сохтани орзуву ормонҳои халқи сарбаландамон тамоми чораҳоро меандешем то ки ҷашнҳои бузурги миллат 20 солагии қабули Сарқонуни кишвар, 600 солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва 20 солагии таъсисёбии ҳизби пешбари ҷомеа- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба таври сазовор истиқбол гирифта шавад.

Сипас, маърӯзаи Раиси Комиссияи тафтишотии Комиҷроия шунида шуд, ки дар он ҳамаи даромадҳо ва ҳароҷотҳо қайд карда шуданд. Пас аз шунидани ин ҳисоботҳо якчанд аъзоёни фаъоли ҳизб ба музокира баромада фикру андешаҳои худро баён намуданд ва фаъолияти кории Комиҷроияро қаноатбахш ҳисобиданд. Ҳамзамон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, мудири шӯъбаи ҳуқуқии Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Раҳмонзода Абдулло ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов баромади пурмӯҳтаво карда ба фаъолияти дуюнимсолаи Комиҷроияи шаҳрӣ баҳои баланд дода, барои пешбурди кори ҳизб якчанд пешниҳодҳо, маслиҳатҳои муфид ва дастуру супоришҳо доданд. Вакилони Конференсия якдилона оид ба масъалаҳои баррасигарда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.