Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо номзадҳои пешбаришуда ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва шахри Хуҷанд семинар - машварат доир намуд. Дар семинар - машварат масъалаҳои ташкили ситоди интихоботии номзадҳо дар ҳавзаҳои интихоботӣ, омода намудани барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо, ташкили гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботӣ оид ба фаҳмондадиҳии Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои марбут ба интихоботи дарпешистода мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.