7 майи соли 2019 дар қасри варзиши шаҳри Хуҷанд дар асоси нақша-чорабиниҳои якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои гуногуни варзишӣ аз қабили шашкаву шоҳмот, футболи хурд ва волейбол байни ҷавонону наврасони шаҳри Хуҷанд доир гардид, ки дар он сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Фаттозода А.А, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, муовини сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Фирдавс Фахридинзода ва намояндагони дигар сохторҳо ширкат варзиданд.

Бо сухани ифтитоҳӣ ба чорабинӣ сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Фаттозода А.А. оғоз бахшид. Зикр гардид, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои боз ҳам ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва машғул шудан ба варзиш пайваста мусобиқаҳои варзишӣ ташкил менамояд, ки онҳо дар сатҳи баланд доир карда мешаванд. 

Дар ин мусобиқа ҷавонон дар намудҳои гуногуни варзиш маҳорати баланд нишон дода, сазовори ҷойҳои муайян гардиданд. Ғолибони мусобиқа аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз ҷониби сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Фаттозода А.А. бо Ифтихономаву Сипоснома қадрдонӣ гардиданд. Зикр гардид, ки варзиш яке аз соҳаҳои муҳими ҷомеаи кишвар маҳсуб ёфта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳамаҷониба дастгирӣ мегардад. Зеро машғул шудан ба варзиш ҷавононро аз ҳар гуна кирдорҳои ғайриқонунӣ дур месозад. Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур низ ин мубориза бо ҷинояткорӣ, ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва донишомӯзиву хониши намунавӣ мебошад.