Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр моҳе як маротиба Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзӯъҳои мухталиф баргузор мегардад.

Чунин хониши сиёсӣ имрӯз 18 майи соли равон таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон” дар ташкилоти ибтидоии “Ӯғулой Шамсиддинова” дар назди таваллудхонаи вилояти Суғд бо иштироки аъзои гурӯҳи тарғиботии назди кумиҷроияи шаҳр Зеварой Бобоева ва сармуҳаррири нашрияи ҳизбии “Шафақ” Назокат Юсуфова  гузаронида шуд.

Ахборотчиён зимни баромади худ қайд намуданд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд. Ҳамин аст, ки имрӯз чи дар сатҳи вазорату идораҳои давлатӣ ва чи дар корҳои муҳими ҷамъиятӣ ҷавонон нақши пашбарро доранд ва дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Воқеан, ҳукумати кишвар барои таълиму тарбия ва пешрафти ҷавонон як қатор қонуну санадҳоро қабул намуд. Инчунин баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи донои китобаст» «Илм фуруғи маърифат» ва «Тоҷикистон ватани азизи ман» ки бо мақсади дарёфти чеҳраҳои лаёқадманд, боистеъдоду соҳибкасб равона гардидааст.

Имрӯз мо бояд ба қадри давлати тинҷу ором расем ва сиёсати Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, баҳри ободиву сулҳу субот ва тараққиёти кишвари соҳибистиқлоламон пайваста заҳмат кашем ва барои рушду нумӯи Ватани маҳбубамон саҳмгузор бошем.