Саҳни Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд идгоҳеро мемонд. Садои мусиқии миллӣ аз қабили карнаю сурнай, танбӯру дунбура ва дутор ба фазо мепечид. Ҷавонони зиёде парчами миллӣ ва парчами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар даст, зери лаб шеъру оҳанги Ватанпарварона месуруданд. Онсӯтар гурӯҳе аз духтарони ҳунарманд машғули сӯзаниву гулдӯзӣ буданд. Растаҳои ҳунарварони ҷавон аз қабили расмкашиву кулолгарӣ ва дуредгарӣ диққати бинандаро бар худ мекашид.

Гурӯҳе аз меҳмонон, сарварони ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и шаҳру навоҳии вилояти Суғд вориди Марказ шуданд.

 Шукӯҳу шаҳомати тантанаи идона бахшида ба Рўзи «Созандагони Ватан» бо ҳузури Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода боз ҳам гарму мунаввартар гардид.

Ба истиқболи меҳмонони гиромиқадр аз ҷониби аъзоёни фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» шеърҳо дар васфи меҳан, арҷ гузоштан ба қадри сулҳу оштӣ қироат карда шуд.

Меҳмонон ба ҳунари қолинбофону зардӯзон, рассомону кулолгарон баҳои баланд доданд

Дар расми ифтитоҳи чорабинии тантанавӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ҳозиринро бо рӯзҳои таҷлили Рўзи «Созандагони Ватан» ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, қайд кард, ки эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нишонаи тавваҷӯҳ ва ғамхории давлат ва Ҳукумат ба ин насли ояндасоз мебошад. Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» маҳз дар ҳоле созмон ёфт, ки воқеан ҳам қисми зиёди ҷавонони мо дар чорсӯи зиндагӣ кадом самтро пеш мегиранд, худ намедонистанд. Яъне, ба таҳрик овардани афкору шуури ҷавонон дар ҷамъияти кунуниро ҲХДТ пеш ва беш аз ҳама эҳсос карда, зарурати таъсиси ин гуна иттиҳодияро ба миён гузошт. Ва имрӯз ин ниҳоди пурқудрати қаноти ҳизб дар сафҳои худ дар шаҳри Хуҷанд 8200 нафар ҷавононро сарҷамъ намудааст ва нақши онҳо дар пешбурди ҳаёти сиёсии ҷавонон хеле калон аст.

Сарфароз Фаттоҳзода, раиси кумиҷроияи вилоятӣ, ки дар гузашта роҳбарии ҷавонони вилоятро солҳои сол бар ӯҳда дошт, зимни баромади хеш ҷавононро ояндасози миллат унвон карда, саҳми онҳоро дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ, пеш бурдани тарзи ҳаёти солим бо баргузории чорабиниҳои мухталифи варзишӣ, муаррифии кишварамонро дар арсаи байналмилали тавассути дониш ва малакаи худ нек арзёбӣ намуд.

Маъруф Муҳаммадзода, шаҳрдори Хуҷанд аз робитаи қавии ташкилоти мазкур бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр ҳарф зада, таъкид дошт, ки мо ифтихор дорем, ки ҷавонони Хуҷанди бостонӣ дар пиёда сохтани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба пешбурди ҷомеа дар соҳоти гуногуни хоҷагии халқ саҳми босазо доранд ва ба қавле, хиштеро дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мегузоранд. Ҷавонон ба ояндаи дурахшон ва пешрафти кишвари хеш боварӣ доранд ва бо нерӯи созанда ватани худро обод менамоянд.

Бо ибтикори кумиҷроияи шаҳрӣ 20 - нафар ҷавонони фаъоли ҳизб бо Сипоснома ва тӯҳфаи обунаи ройгон ба нашрияи бонуфузи ҳизбӣ - «Минбари халқ» барои соли 2018 сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон хатнасурии ду фарзанди оилаҳои ҷавон низ дар чорабинӣ баргузор гардид. Армуғонҳоро ба ҷавонони саодатманди диёр  дар вазъияти тантанавӣ раиси кумиҷроияи вилоятӣ, раиси шаҳр ва раиси кумиҷроияи шаҳрӣ супориданд.

Дар қисмати фарҳангӣ ровиёни хушсадо таҳти мусиқӣ шеъру таронаҳои марғубро қироат намуда, дилҳоро ба хурӯш оварданд. Ҳофизони мумтоз Бахтиёр Давлатов, Сироҷиддин Худоймерганов, Илёс Очилов, Аъзам Болтубоев ва Юсуф Ҳусейнов  бо сурудаҳои хеш хотири аҳли нишастро шод намуданд.

Бо ҳамин чорабинӣ хотима пазируфт.