Рӯзи гузашта ба муносибати Рӯзи энергетика дар идораи Шабакаҳои барқии шаҳр ҷамъомад баргузор гардид. Дар ибтидо филми мустанад дар бораи таърихи рушди энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Мудири шӯъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озифхон Шарифзода табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба муносибати Рӯзи энергетика ба самъи ҳозирин расонд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода барқчиёнро бо иди касбиашон таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид сохт, ки маҳз дар замони Истиқлолият бо ибтикорот ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд инкишоф ёфта, бори аввал дар Тоҷикистон низоми биллингӣ дар соҳаи энергетика роҳандозӣ карда шуд ва  он бо муваққият анҷом ёфт.

Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ҳозиринро бо Рӯзи энергетика таҳният гуфта, 4 нафар фаъолони соҳа, аъзоёни фаъоли ҳизбро бо Сипоснома қадршиносӣ намуд.