Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастгирии оилаҳои ниёзманд, ятимону бепарасторонро ҳамеша дар мадди назари худ қарор додаст ва бо ин васила мекӯшад барои ноил шудан ба зиндагии шоиста ба ҳар як шаҳрванди кишвар кўмак расонад.

Бо ҳамин мақсаду маром дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашнгирии иди саиди Қурбон кормандони шуъбаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз ҳолу аҳволи якчанд нафар шахсони ниёзманд ва маъюбон дидан намуд.

Кормандони кумиҷроия аёдатшудагонро аз номи Роҳбарияти ҲХДТ ба муносибати фарорасии иди саиди Қурбон табрику муборакбод намуда, ба онҳо маводҳои хӯрока расониданд.