Бо ибтикори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» санаи 25-уми июн дар толори раёсати муассисаи мазкур таҳти унвони «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ» конференсияи илмӣ – амалӣ доир гардид.

Чорабинии мазкур ба 25-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуда, дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода ва раиси кумиҷроияи ҳизбии шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар иштирок намуданд.

Конференсияи илмӣ амалиро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло ҳусни оғоз бахшид ва баъди муаррифии меҳмонон аҳли толорро бо ҳадаф ва мақсади баргузории конфронси илмию амалӣ ошно сохт.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода зимни маърӯзаи пурмуҳтавои худ аз таърихи пуршарафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нақши он дар рушди ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва саҳми ҳизбиён дар раванди бунёдкорию созандагӣ ёдовар шуд. Аъзои ҳизбе, ки сарварии онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зимма доранд, шарафу ифтихори бузург аст, таъкид намуд ӯ. Ҳамзамон мавсуф оид ба маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода ва вазифаҳои аъзоёну фаъолони ҳизб дар ин давраи ҳассос андешаҳои ҷолиб баён кард.

Маърӯзаи декани факултаи таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуролв Ҷабборов Иброҳим Раҳматович ба мавзӯи «Ваҳдати миллӣ – омили муҳими устувори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар марҳилаи нави истиқлолият» бахшида шуд.

Баъди шунидани суханрониҳо дар вазъияти тантанавӣ раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ Малубахон Амонзода ба як гурӯҳ фаъолони ҳизбӣ нишони ҷашнӣ ва Сипоснома супорид. Ҳамзамон раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Наим Мунаввар Маликисломӣ ҳизбиёни фаъолро бо Ифтихорномаю Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.

 Лаҳзаи хотирмон дар вазъияти тантанавӣ ба 100 нафар аъзоёни нав супоридани шаҳодатномаи ҳизбӣ буд.

  Конференсияи илмӣ амалиро ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода ҷамъбаст намуд.