Ҳамдиёрони азиз!

 

24-уми ноябр мардуми шарифи Тоҷикистон боз як ҷашни таърихӣ, Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми тоҷикистониён соли ҷорӣ ҷашни ҳумоюни 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии мамлакати худро бо рӯҳбаландии бузург ҷашн гирифтанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар таърихи ҳар миллату давлат воқеаҳо ва рӯйдодҳое ҳастанд, ки омӯзишу баррасии онҳо барои имрӯзиёну ояндагон чун панде хизмат карда, дар шинохти асолати миллӣ, баҳамоиву худогоҳӣ сарчашмаи боэътимод ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, дар баробари Суруди Миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ – Парчами давлатӣ низ барои мардум муқаддас аст.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоқикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз соли 2009  24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат ҷашн гирифта мешавад. Баргузор гардидани Рӯзи Парчам имрӯз ва дар оянда метавонад дар замири ҳар фарди ватандӯст ва ҳар як сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд менамояд.

Парчам мавқеъ ва нақши хосаи худро дар давлатдорӣ, дар мавриди гузаронидани чорабиниҳои расмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, дар муносибатҳои байналмиллалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа дорад. Аз ин рӯ Парчам моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот ва мубориза баҳри зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ роҳнамоӣ менамояд.

Парчам ифтихор ва сарбаландии миллат аст. Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки мардуми тоҷик ва сокинони он зери Парчами давлати худ  манфиатҳои умумимиллиро ба даст оварда, барои устувории Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи якпорчагии Ватан, ягонагии забону фарҳанг, муносибатҳои пешрафтаи ҷамъиятӣ, сулҳу субот кору фаъолият доранд.

Бори дигар ҳамаи ҳизбиёи шаҳри Хуҷандро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, саодати рӯзгор, хушбахтиву файзу баракот, тинҷиву осудагӣ ва иқболи некро орзу менамоям.

 Бигзор дурахши Парчам дар кишвари маҳбубамон пойдор ва сулҳовар бошад.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак!