Санаи 31 октябр дар Kохи фарҳанги “Суғдиён”-и маркази вилоят конференсияи XXII ҳисоботӣ- интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир  шуд.

          Нахуст раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Маликисломӣ Наим Мунаввар  оид ба фаъолияти дуюнимсолаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҳисоботи муфассал дод. Дар ҳисоботи кумиҷроия таъкид гардид, ки дар давоми солҳои 2017-2019 шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ 15 адад зиёд шудааст. Агар дар оғози давраи ҳисоботӣ теъдоди умумии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ 217 адад бошад, пас ба ҳолати имрӯза ин нишондиҳанда 232 ададро ташкил медиҳад. Таҳлили рафти афзоиши аъзои ҳизб нишон медиҳад, ки давоми ин солҳо теъдоди аъзои ҳизб 3845 нафар афзудааст. Айни замон шумораи аъзои ҳизб дар шаҳри Хуҷанд 17 677 нафарро ташкил медиҳад, ки аз инҳо 11360 нафар занон ва 8466 нафар ҷавонон  мебошанд. Аз шумораи умумии аъзои ҳизб 7540 нафар дорои таҳсилоти олӣ, 5348 нафар таҳсилоти олии нопурра, 2972 нафар таҳсилоти миёнаи махсус, 1817 нафар таҳсилоти миёна мебошанд. Боиси ифтихор аст, ки 698 нафар аъзоёни ҳизб соҳиби унвони илмӣ буда, 74 нафарро докторону профессорон, 624 нафарро номзадҳои илм ташкил медиҳанд.

          Зикр шуд, ки тибқи натиҷаи ҷамъбасти интихоботи соли 2015 –ум 40 нафар вакилон ба маҷлиси шаҳрӣ интихоб гардиданд, ки аз ин теъдод 35 нафарашон аз ҲХДТ мебошанд.

          Вобаста ба дастгирӣ намудани кӯдакони ятиму бепарастор Кумиҷроия ҳамасола дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак 70 - нафарӣ хонандагонро сарҷамъ сохта, бо ташкили консерти идона ва супоридани туҳфаҳо хотири онҳоро болида гардонид.

        Бахшида ба санаву рӯйдодҳои муҳим Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар фаъолияти худ ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати сиёсӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносии миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, 1078 чорабинии фарҳангӣ, сиёсӣ ва оммавӣ доир намуд. Ҳамчунин дар ин давра 72 мусобиқаҳои варзишӣ дар байни наврасону ҷавонон доир карда шуд.

          Баъд аз ҳисоботи раиси кумиҷроияи шаҳрӣ вакилони конференсия сардухтури беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд Мӯъминов Баҳодур, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ, омӯзгори Литсейи ДДҲБСТ Рустамҷон Рустамов ба музокира баромаданд.

        Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни суханронии худ таъкид дошт, ки бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №1059,  амри Раиси шаҳр аз 7 июни соли 2018, №109 нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ иборат аз 341 банд бо назардошти сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ тасдиқ карда шудааст.

           Боиси зикр аст, ки дар раванди бунёдкорию созандагӣ аъзоён ва алоқамандони ҲХДТ нақши арзанда доранд ва парчамбардори иқдомҳои ватандӯстона мебошанд. Раиси шаҳр аз вакилони конференсия даъват ба амал овард, ки дар тарғибу ташвиқи бандҳои Барномаи ҲХДТ, ки бо самтҳои стратегии давлат ҳамрадифанд фаъолияти бештар зоҳир намоянд. 

         Раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ  Сатториён Матлубахон Амонзода фаъолияти кумиҷроияро дар давраи ҳисоботӣ мавриди таҳлил қарор дода, баён дошт, ки дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои роҳбари муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо бояд боз ҳам бештар ба сафи ҳизб ҷавонону занонро бештар ҷалб намонем. Аз натиҷаҳои интихоботи гузашта хулосагирӣ намуда, корҳои таблиғотию ташвиқотиро дар маҳаллаҳо ҷоннок намоем. Баҳри маърифатнокии ҷомеа, баланд бардоштани донишҳои сиёсии ҳизбиён саъю талош варзем ва бештар миёни омма бошем.

         Дар идомаи конференсия ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз моҳи апрели соли 2017 то моҳи октябри соли 2019  шунида, ҳайати нави Кумиҷроия ва комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, сармуҳарири нашрияи «Шафақ» ва вакилон ба Конференсияи 13–уми ҳисоботӣ – интихоботии ҲХДТ дар вилояти Суғд  интихоб гардиданд.

         Барои иштироки фаъолона дар татбиқи ҳадафҳои Барномавии ҳизб, саҳми арзанда дар раванди бунёдкорию созандагӣ ва ба муносибати 25- солагии таъсисёбии ҳизб наздик ба 70 нафар аъзоёну фаъолон дар қисмати ташкилии конференсия бо нишони ҷашнӣ, Ифтихорнома ва Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

           Конференсияи  XXII ҳисоботӣ- интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо қабули   қарорҳо ва Муроҷиатнома ба аҳли ҷомеа вобаста ба истиқболи сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ хотима бахшид.