Боиси таассуфи бузург аст, ки имрӯз дар иддае кишварҳои исломӣ даргириҳои хунин идома дораду он таҳдиди ба дигар кишварҳои исломӣ интиқол ёфтан дорад. Новобаста ба он ки ҷомеаи ҷаҳонӣ амалкарди мазкури чунин мусулмононро маҳкум намуда, онро бо ислом марбут намедонад, куштори байниҳамдигарии мусулмонон пайваста идома дораду ҷавонони ҳоло аз лаззати зиндагӣ баҳра набурдаро туъмаи навбатии хеш сохта истодааст. Бо ҳар роҳу восита гирифтани пеши роҳи ҷалбшавии ҷавонони ҳам аз дину ҳам аз илму сиёсат бехабар аз ҷумлаи масъулиятҳои шаҳрвандии ҳар зиёии огоҳ маҳсуб мегардад. Зеро фирефтаи тарғибу ташвиқотҳои муғризона ва авомфиребонаи пешвоёни гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» гардидани ҷавонони ноогоҳ, на танҳо марги нобаҳангоми эшонро ба бор хоҳад овард, балки ҳамзамон дили реш-реши модарону падарон ва наздикони онҳоро низ дар назар дошта, имкон дорад, ки чун вируси сирояткунанда ба дигар ҷавонон низ интиқол ёбад.

Огоҳ сохтани ҷавонон аз моҳияти аслии он низоъҳою даргириҳои хунини мусулмонон ва оқибатҳои мудҳише, ки ин даргириҳо, на танҳо болои давлату миллат, балки ҳатто болои дини мубини ислом низ таҳмил хоҳанд намуд, ҳадафи асосӣ ба шумор меравад.

Аксари ҷавононе, ки маълумоти диниро дар хориҷи кишвар, дар назди тундгароёни «хилофатсоз» омӯхтаанд, имрӯз худ аз мубаллиғони ғояву ақидаи ифрот ва тундгароии динӣ гаштаанд. Илова ба ин, тоифаи мубаллиғ мағзи сари дигар ҷавонони сабукфикр ва бехабар аз улуми диниро бардурӯғ ва ғаразнок дар зери шиорҳои «ҷиҳоди исломӣ» ва «амри маъруф ва наҳии мункар» олуда сохтанд. Ифротгароёни мутаассиб бо тавсия ва супориши ҳоҷагони хориҷӣ ва дохилиашон низоми демократӣ ва дунёвӣ доштани сохтори конститутсионии давлатии моро «куфр ва бидъат» ҳукм намуда, талош доранд, ки ҷавонони мусулмонро дар рӯҳияи ватанбадбинӣ ба воя расонанд.Ҷомеаи ҷаҳониро имрӯз мушкилоти ҷиддӣ, ин ҳам бошад, шомилшавии ҷавонон ба гӯрӯҳҳои тундраву ифротгаро фаро гирифтааст. Хушбахтона, дар соли 2016 шомилшавии шумораи ҷавонон ба ин гурӯҳҳо кам гардидааст, ки ин натиҷаи ҳамкориҳои самарабахши аҳли ҷомеа мебошад.

Дар ҳақиқат, ҷавонони даврони соҳибистиқлол, ҷавонони бонангу номус, бориз, далер ва шуҷои Ватан маҳсуб ёфта, бо корҳои созандагию бунёдкорӣ ном бароварда, доимо дар сафи пеш қарор доранд. Ин иқдоми созанда бояд шиори ҳамешагии онҳо бошад.

Ҷавонон ояндаи миллат ва давлатанд. Ҷавонони солимақл, соҳибистеъдод, ифтихор ва сармояи хушбахтӣ ва саодатмандии ҷомеа мебошанд. Аммо ҷавонони ифротгаро ватандхӯйи ситезаҷӯ доғи дили падару модарон, дарди сари ҷомеа ва омили хушунат, низоъ ва фитнаҳои навбатӣ хоҳанд гашт. Аз ҳамин лиҳоз, ҷавонони ифротманиш ва тундхӯйи ситезаҷӯйи бемазҳаб талош доранд, ки маориф ва фарҳанги асили исломиро барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки нопок ва пуросеби гурӯҳи худ якҷониба ва барғалат, дар асоси барномаҳои террористӣ ва экстремистӣ доштаашон шарҳу баён созанд. 

Маълум мешавад, ки чунин ҷавонони ифротгаро ғофил аз худшиносии миллӣ ва мазҳабӣ, шинохти хотираи таърихӣ надоранд. Онҳо манфиатҳои миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси инсонгарӣ ва мусалмонӣ эҳсос намекунанд ва намепазиранд. Хидмат ба халқу ватан чун арзиши олии зиндагӣ табдил наёфтааст, балки ифротгароёни бемазҳаб эҷодкунандаи нафрат ба арзишҳои олии зиндагӣ ва муқаддасоти миллӣ гаштаанд.

Мафҳуми миллат, ватан, муқаддасоти миллӣ, арзиши зеҳнӣ, фарҳанги миллӣ, осор, хотира ва расму ойини таърихӣ барои онон хуруфот ва таассубу бидъат ҳисобида мешавад. Таърихи тамаддуни башарӣ шаҳодат медиҳад, ки худшиносӣ ва ифтихори миллии ҷавонон пойдевор ва асли бақои миллат аст. 

Чунин андешаи ғалат ва хатарбори онҳо аз идеология ва ғояҳои бегонапарастӣ ва ақидаи зидди миллии ҳаракатҳои террористӣ маншаъ гирифтаанд, ки дар тарбияи ҷавонон таъсири хеле манфӣ мегузоранд. Масалан, аз таҳлили саҳифаҳои интернетӣ ҳазорон мисол оварда метавонем, ки ҷавонони тоҷик бо расмҳои таҳдидангез фазои иттилоотии диниро зери қабзаи худ муҳосира намуда, ошкоро намояндаҳои адабиёт ва фарҳанги миллиро шиаву кофир ҳукм намудаанд. Муқобилияти илмӣ ва шаръӣ накардан дар муқобили ифротгароии гурӯҳ ва ҳараакатҳои моҳияти радикалӣ боиси он гаштааст,ки ифротгароён муҳит ва фазои иттилоотии динро зери назорати худ қарор дода, баъзе ҷавононро таҳти таъсири афкори муғризона ва ақидаи террористию ифротгароии худ сохтаанд.

Роҳҳои густариши такфир, ифрот, тундгӯйӣ ва пурқувват гаштани салафия ва хушунатгароиро ошкор намуда, пеши онро дар якҷоягӣ бо кӯмаки хайрхоҳонаи мақомоти дахлдор бояд бигиранд. Ҷавонон ояндаи миллат ва кишвари азизамон Тоҷикистонанд ва набояд ин нерӯи созандаро ба сарчашмаи хатар ва омили сӯзанда табдил бидиҳем.