Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шахри Хуҷанд маҷлиси Раёсати Кумиҷроияи шаҳрӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси Раёсат ҳамаи аъзоёни он ширкат доштанд ва масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлис гузошташударо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Масъалаҳои даъвати маҷлиси кумиҷроия, тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои навтаъсис, қабул ба аъзогии ҲХДТ баррасӣ гардида, бо қабули қарорҳо ба бандҳои асосии рӯзнома кори ҷаласаи раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд хотима ёфт.