Кишвари тозаистиқлоли мо дар пешорӯи 3 ҳадафи стратегӣ, ки мамлакати моро ба сӯи пешрафт раҳнамун месозад, қарор дорад. Ҳамагон воқифем, ки пас аз истиқлолият ба даст овардани тоҷикон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ  кишвари мо ба як минтақаи ҷангзада мубаддал гардид. То замоне, ки сарварии ин давлатро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба дӯш гирифт, ҷангу хунрезӣ ва нофаҳмиҳо дар аксари манотиқи мамлакатамон доир мегардид. Бо хизматҳои шоёни сардори давлат ва хиради азалии мардуми сулҳдӯсти тоҷикон ба ин ҳама нофаҳмиҳо хотима бахшид.  Президент зимни як ҷаласа қайд кард буданд: «Мо даҳсолаи аввали соҳибистиқлолиро танҳо барои тинҷию оромӣ, амну осоиштагӣ сарф кардем, даҳсолаи оянда бо шиори созандагиву бунёдкорӣ мароми мост, мамлакатамонро рӯ сӯи  ободӣ меоварем».

Ба хотири таҳкими ватандорӣ ва беҳдошти ҳаёти иҷтимоии мардум 3 ҳадафи стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти  энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ роҳандозӣ гардид.

      Мо худ шоҳид ҳастем, ки кишвари мо тавассути бунёди ҳазорҳо километр роҳҳо, нақбу пулҳо мамлакатамонро аз бунбасти коммуникатсионӣ  берун кардем.  Сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузург, хатҳои баландшиддати ҷанубу шимол, бунёду азнавсозии нерӯгоҳҳои Норак, «Дӯстии халқҳо», Помир,  Сангтӯда-1, Сангтӯда-2 ва ниҳоят  сохтмони иншооти аср нерӯгоҳи барқию обии Роғун дар таъмини нерӯи барқ ба аҳолии кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар бахши амнияти озуқаворӣ танҳо ҳамин нуктаро ёдрас кардан кофист, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо фармони президенти кишвар 75 ҳазор гектар заминҳои кишт ба сокинон тақсим карда дода шуд ва ин заминҳо бо номи замини президентӣ имрӯз маъруфият дорад.

Саноати хӯрокворӣ яке аз саноатҳои зарурӣ ва ҳаётан муҳими  ҳар як мамлакат буда, рушду тараққиёт, сулҳу осоиштагӣ ва пешравии кишвар аз он вобастагии калон доранд. Замини зархези Тоҷикистони биҳиштосо, ки аз меваҳои шаҳдбор ва растаниҳои шифобахшу пурарзиш бой аст, дар чашмасорону рӯду дарёҳо  оби софу зулол ҷӯш мезанад, табиати зебою рангоранг, ки барои беҳтар намудани соҳаи чорводорӣ асос шуда метавонад, ҳар яки моро ҳушдор менамояд, то шукронаи нозу неъмати ин сарзаминро карда, барои инкишофу равнақи он ҳиссагузор бошем.

         Президенти мамлакатамон, маҳз барои  рушди ин саноат саҳми беандоза гузошта, зиёд намудни заминҳои кишт, боғу токзорҳо, чорвопарварӣ ва махсусан, сарфакорӣ ва покизанигоҳдории оби нӯшокиро дар кишвари маҳбубамон талқин менамоянд. Аз ҳамин сабаб солҳои 2005-2015-ро «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт» эълон намуданд,  ки  як қатор чорабиниҳои сиёсиву оммавӣ дар доираи он ва моҳи августи соли 2013 дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе конференсияи байналмиллалӣ бахшида ба муаммоҳои норасогии оби нӯшокӣ баргузор гардиданд. Инчунин, ба амал баровардани як қатор қарору фармонҳо  дар соҳаи кишоварзӣ - оиди захираи маҳсулоти набототӣ ва ҳайвонотӣ барои солҳои оянда саривақтӣ буда, зиёд намудани корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, маҳсулоти гӯштию ширӣ, маҳсулоти нонию қаннодӣ, истеҳсоли равған дар бозорҳои кишварамон арзонию фаровонӣ ва барои некӯаҳволии мардум маҳсулоти бехатар ва аз ҷиҳати экологӣ тозаро таъмин менамояд, имконияти содироти маҳсулоти ватанӣ зиёд гардида, воридоти маҳсулоти хориҷии организми генӣ модификатсиронишуда (ГМО) доштаро кам мекунад.

         Ин аст, ки дар ҳар як паёму сафарҳои кории хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пешрафти саноати сабук, махсусан, таъмини амнияти озуқавориро  муҳим арзёбӣ менамоянд. Тайи  солҳои охир Президенти кишварамон барои бунёди чандин корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрока санги асос гузошта, дар ифтитоҳи аксари онҳо иштирок варзидаанд, аз ҷумла дар Вилояти Суғд корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии «Афзали Суғд», корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гӯштию ширии «Файзи Расул», заводи равғанкашӣ дар ноҳияи Спитамен, ки бо истеҳсоли равғани растанӣ машғул буда, пасмондаи онро барои коркарди дубора - истеҳсоли хӯроки парранда истифода мебаранд.

         Дар хотимаи сухан мехостам қайд кунам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати тозаистиқлол аст дар муддати кӯтоҳ тавонист бо дастаҷамъиву бунёдкорӣ ба як мамлакати обод табдил ёбад ва мо – ҷавонон вазифадорем, ки панду насиҳатҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шиори кори худ намуда, аз пайи ривоҷу равнақи саноати кишвар ва гулгулшукуфоии Тоҷикистони маҳбубамон бошем.

 

Андалеби Фарҳодӣ,

сарлаборанти кафедраи маҳсулоти хӯрока

ва агротехнологияи ДПДТТХ

ба номи академик М.Осимӣ