Аз рӯи анъана ҳар сол рӯзи якуми июн дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони мо ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ин сана солҳост, ки дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рӯзҳои муҳим маҳбубият дорад.

Тавре аз таърихи таъсисёбиии ин санаи муҳим бармеояд, он 69 сол муқаддам бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё таҷлил гардида буд. Ҳадаф аз таҷлили Рӯзи байналмилалии кӯдакон таваҷҷуҳи хосса додан ба рушди зеҳнии онҳо ва баланд бардоштани масъулияти насли калонсол дар таълиму тарбияи онҳо мебошад.

Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронии хеш дар мавриди нақш ва мақоми кӯдакону наврасон дар ҷомеаи муосир таъкид дошта буданд: “Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Аммо онҳо чӣ гуна ба воя мерасанд ва ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд, аз мо - калонсолон вобаста мебошад. Инро бояд ҳар кадоми мо ҳамеша дар ёд дошта бошем. Яъне кӯдакро мо бояд барои ҳаёти мустақилона дар ҷомеа ба таври шоиста омода кунем. ӯро бояд дар рӯҳи сулҳдӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқи неку ҳамида тарбия намоем”.

Воқеан ҳам рисолати мо аҳли ҷомеа он аст, ки фарзандонамонро дар руҳияи худшиносиву меҳнпарастӣ тарбия намоем.

Боиси хушнудист, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба кӯдакону наврасон таваҷҷуҳи хосса дода мешавад. Бунёди даҳҳо муассисаҳои махсуси таълимӣ, фарогир шудани кӯдакони имконияташон маҳдуд, ятимону наврасони аз оилаҳои камбизоат ба таълим худ далели гуфтаҳои болоист. Шахсан Пешвои муаззами миллат дар ҳар сафарҳои худ ба ин ё он минтақаи ҷумҳурӣ ҳатман аз аҳволи кӯдакони ятим дидан карда, дар баробари тақдими тӯҳфаҳои ар- зишманди хотиравӣ, ҳамчунин бо онҳо мулоқоти озоду шаффоф доир менамоянд.

Ин амали созанда аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳ-ри Хуҷанд мавриди пайравӣ қа-рор гирифтааст. Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба насли наврас эътибори хосса дода, таъкид доштаанд, ки дар умури корбарии хеш ба ҳайси Раиси вилоят ба мактабу маориф диққати хосса медиҳанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ дар фаъолияти хеш дастгирии кӯдакону наврасонро дар мадди аввал мегузорад. Ҳамасола бо иқдоми кумиҷроияи вилоятиву шаҳрии ҳизб даҳҳо чорабиниҳои созанда баргузор гардида, аёдати Хонаи кӯдакон, мактаб- интернатҳо ба роҳ монда мешавад.

Вазифаи мо – кӯдакону наврасони азизро ҳамчун насли хушбахти даврони истиқлолият ва ворисони сазовори миллату давлат тарбият кардан аст. Ба онҳо имкон диҳем, ки бештару беҳтар аз илмҳои замонавӣ ва технологияҳои муосир баҳравар шаванд ва бо хониши хубу аъло, рафтори намунавӣ, эҳтироми калонсолон барои фардои дурахшони кишвари офтобиамон хизмат намоянд.

Хушбахту баландиқбол бошед, фарзандони азиз!