Ҳамдиёрони азиз,

Ҳамсафони гиромӣ!

Дар таърихи давлатдории тоҷикон нақш ва мақоми забон ҷойгоҳи хосса дорад. Зеро маҳз забон асолати таърихии ин миллатро то замони мо оварда расонд. Маҳз забони ноби тоҷикӣ аст, ки имрӯз мо бо гузашти беш аз 1000 сол аз шеърҳои оламшумули қофиласолори назми оламгир Рӯдакии бузургвор баҳраи беш мегирем.

Дар ин росто ёдоварӣ аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони ноҳияи Зафаробод айни муддаост.

 Сарвари давлат бо як руҳияи бузург ва ифтихор аз Ватану Ватандорӣ баён доштанд, ки забони тоҷикӣ – забони шеър аст. Ва инро хориҷиён низ эътироф кардаанд. Бо ин забони ноб дар сайёра наздики 150 миллион нафар муошират менамояд. Садҳо нашрияву миллионҳо теъдод китобҳо ба табъ мерасанд.  Аксари олимони ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар сурати азхуд намудани забони тоҷикӣ, ки онро забони форсӣ- дарӣ низ мегӯянд, шахс ба ҷаҳонӣ маънавиёт бештар ғӯтавар мешавад, аз уқёнуси дуру гуҳари сухан ва сухангустарӣ як ҷаҳон маънӣ ба худ касб мекунад. Пас моро мебояд, ки дар раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо ва аз байн рафтани баъзе аз забонҳо асолати забони модарии худро гум накунем, ба он арҷ гузорем, барои поку беолоиши он пайваста талош варзем.

Хеле хушоянд аст, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷиҳати эҳё ва рушди фарҳанги миллӣ ҷаҳду талош менамоянд. Яке аз чунин иқдомҳои бузурги эшон ин таҳия ва таълифи асари “Забони миллат-ҳастии миллат” мебошад. Ин пажӯҳиш тоза ва арзишмандест, ки метавон идомаи мантиқии асари безаволи аллома Бобоҷон Ғаффуров “Тоҷикон” номид. Олами илм беш аз ду қарн ва бештар ба таърих, анъана ва оину забони мардуми тоҷик мароқ зоҳир намуданд ва асарҳои шоён ба забонҳои гуногуни дунё ба нашр расиданд. Бино ба қавли муаллиф «…то кунун дар забоншиносии мо китоби ҷомеъ ва асари мустақиле дар бораи таърихи забони  тоҷикӣ вуҷуд надорад, то хонандагони одӣ аз он иттилооти лозимаи таърихӣ ва посух ба суолҳои хешро дар мавриди забони модарии хеш пайдо намоянд».

         Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба нашри осори гаронбаҳои гузаштагон, таблиғи симои қаҳрамонону шахсиятҳои барҷастаи миллӣ арҷ гузошта, низоми пойдори ахлоқиву тарбиявии суннатӣ, фалсафаи ирфонии миллӣ ва шинохти воқеъбинонаи орзуву ормонҳои халқро тавсеа мебахшад. Дар ин ҷода нашри чандин асарҳои мондагор дар мавриди дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, шинохти миллат ва нақш ва мақоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар густариши маънавиётро метавон мисол овард.

         Бо истифода аз фурсати муносиб кулли сокинони шаҳри Хуҷандро  аз номи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо Рӯзи забони давлатӣ табрику муборакбод гуфта, таманнои онро дорам, ки файзу нусрат ёри доимии шумо бошад!