Меҳвари ҷашни Наврӯз аз таҷдид, покизагӣ, рӯшанӣ, зебоӣ, файзу баракот ва сарсабзӣ боқӣ монда, имрӯз бо тафаккури созандаву барозандаи Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байналмилалӣ гашта, боз ба маснади аслиаш ҷойгузин гашт ва дар меҳани файзбору оламгир, зарнисору биҳиштосояш қадами ҳуҷаста мениҳад. Ва ин ҳама талош баҳри зиндагии шоиста, баҳри ояндаи фирӯз маҳсуб меёбад.

  Соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, ки ҳамовозии гарму ҷӯшон байни тамоми қишрҳои ҷомеа пайдо кард.

  Ҷиҳати роҳандозӣ намудани ин барнома Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи дувумини Шӯрои духтаронро масоили мавзӯи мазкур баррасӣ намуд, ки бо сухани ифтитоҳӣ ва каломи роҳнамоӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар баромад намуда, оид ба ҳунар ва ҳунаромӯзӣ, аҳамияти он ва роҳҳои дар амал татбиқ намудани барномаҳои давлату Ҳукумат дар ин самт маслиҳатҳои муфид доданд.

  Наим Маликисломӣ таъсиси маҳфили «Гулдухтарони хунарманд» -ро дар ташкилоти ибтидоии «Исмат Алихонов» падидаи созанда арзёбӣ намуда, ба кори маҳфил ва дар роҳандозии нуктаҳои меҳварии Паёми Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон пирӯзӣ ва эҷодҳои нав ба нав таманно намуд.

  Бобоҷонова Муҳибахон – муовини раиси Шӯрои духтарони назди шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Ҳунарманд ҳар ҷо равад, қадр бинад» маърӯза намуда қадри ҳунар ва ҳунармандонро дар замони имрӯз ва ғамхориҳои давлату ҳукуматро нисбати ин тоифа муаррифӣ намуд.

         Дар ҳақиқат, ҳунарманд ҳар ҷо равад қадр бинад ва дар садр нишинад:

Айб аст, ки дар ҳунар накӯшӣ,

Сад айб ба як ҳунар напӯшӣ.

Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст,

Дар дидаи мардумон азиз аст.