Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва ҷасорату мардонагӣ дар тинати ҷавонон ва омодагии онҳо баҳри ҳифзи марзу бум ҳамасола бо иқдоми Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмун таҳти унвони «Ҳомиёни Ватан» баргузор мегардад. Имсол низ ин чорабинӣ бошукӯҳ доир гардид. 

Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ муовини директор оид ба тарбия Фаррух Аминов устодону шогирдонро ба муносибати солгарди Артиши миллии кишвар аз номи директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз  Раббизода табрик намуд.

Сипас донишҷӯён аз рӯи панҷ шарт - саломнома, саволу ҷавоб, озмуни варзишии сангбардорӣ, муаррифии касби интихобкарда ва суруд, шеър ё рақс  байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар ҷамъбаст Ҳасанов Сипеҳр, донишҷӯи курси  2, факултети муҳандисӣ- технологӣ сазовори ҷойи аввал, зинаҳои дуюм ва сеюмро Юлчиев Хушбахт, курси 3, факултети  сохтмон ва нақлиёт, Бурҳонов Эҷод, курси 1, факултети информатика ва энергетика ва Обидов Санҷар, курси 2, факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ ба даст оварданд.  

Ба ғолибон муовини директор оид ба таълим Хуршед Мақсудов сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супурд.