Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси кумиҷроия Наим Маликисломов ба яке аз собиқадори меҳнат, истиқоматкунандаи маҳаллаи «Тиллокон» Рустамҷон Сулаймонов, ки чанде пеш оид ба дохил шудан ба узвияти ҲХДТ бо аризаи шахсии худ муроҷиат намуда буд, шаҳодатномаи ҲХДТ супорида шуд. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов нисбати пешбурди кор ва фаъолияти ҳизб фикру ақидаҳои худро иброз намуда, барои фаъолона иштирок намудан дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва чорабиниҳои фарҳангию сиёсии ҲХДТ ба аъзои нав муваффақиятҳо орзу намуд.