Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳим ва раҳнамо дар фаъолияти минбаъдаи ҳар як ташкилоту муассиса ба ҳисоб меравад.

 Вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Сарвари давлат дар ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Амонатбонк»-и назди кумиҷроияи ҳизб дар шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ баргузор гардид.

 Дар вохӯрӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Бахтиёр Исматҷонов иштирок намуданд.

Мудири филиали №23 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" дар вилояти Суғд Хуршед Саидшозода иброз дошт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, Пешвои миллат тамоми самти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва мадании мамлакатро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор доданд. Пешвои миллат дар Паёми худ қайд намуданд, ки дар самти сиёсати пулию қарзӣ нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ, баланд бардоштани қобилияти пардохти низоми бонкӣ, дар сатҳи пешбинишуда нигоҳ доштани таваррум, инчунин, таъмин намудани фаъолияти самараноки низоми пардохтҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим боқӣ мемонанд.

Супориш доданд, ки масъалаи таъмини саривақтии талаботи иқтисодиёт ба маблағгузорӣ, хусусан, қарздиҳӣ бояд ҳамеша дар меҳвари фаъолияти низоми молия ва бонкҳои кишвар қарор дода шавад.

Зеро ҳар қадар, ки аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор қарзҳои дастрас зиёд пешниҳод карда шаванд, суръати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ ҳамон қадар баланд мегардад.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода изҳор дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал, ҳуҷҷати муайянкунанда ва раҳнамо ба ҳисоб рафта, маҳз дар асоси он лоиҳа ва нақша-чорабиниҳои рушди ояндаи мамлакат барномарезӣ мегарданд.

Раиси кумиҷроияи вилоятӣ зимни баромад доир ба саҳми шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дипломатияи об дар сайёра, ҷалби мардум ба ҳунарҳои миллӣ ва ба ин восита, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, даъвати аҳолӣ ба корҳои ободонию созандагӣ, бунёдкорӣ, омодагиҳо ба ҷашнҳои миллӣ, истифодаи самараноки қувваи барқ, нагаравидани ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ, хавфи оқибатҳои номатлуби коррупсия, роҳҳои пешгирии нашъамандӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва сулҳу субот, ҷалби занону духтарон ба илм омӯзию касбомӯзӣ, фароҳам овардани шароит ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳибкорӣ ибрози назар намуд.