Иди Наврӯз баъди соҳибистиклол шудани давлатамон бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳонӣ гашт. Дар арафаи ин ё он ҷашнҳои миллӣ аёдати шахсони бемору барҷомонда, ятиму бепарастор, ниёзмандон ва дилшикастагон аҷру савоби бештар дорад.

Аз ин лиҳоз, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҷашни Наврӯзи дилафрӯз ду нафар шаҳрвандон, собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Дар навбати худ аёдатшудагон ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки мо ҳамеша аз ин ғамхориҳо бархурдор ҳастем.