"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Шарҳи масъалаи авфи муҳоҷирони меҳнатӣ

Рӯзи гузашта дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  оиди  сабук намудани муқаррароти  будубоши  муҳоҷирон ва авф кардани бахше аз муҷозоти  маъмурии онҳо дар қаламравии  Россия дар чойхонаи кумитаи маҳаллаи «Қорираҳмат Қурбонов»-и шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ бо  иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, ҳуқуқшиноси муассисаи давлатии марказҳои машваратӣ ва омодагии  пеш аз сафари муҳоҷирон дар

Таъсиси ташкилоти ибтидоии «САФИНА»

Санаи 10 апрели соли 2017 дар назди Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Истиқлол»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд боз як ташкилоти ибтидоӣ бо номи «Сафина» дар ҳайати 38 нафар аъзои ҳизб таъсис дода шуда, Раиси ташкилоти ибтидоӣ Муаттар Мамадҷонова интихоб гардид.

Дар маҷлиси таъсисёбӣ муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ва муовини Раиси Кумитаи

Ташхиси ройгон бахшида ба рӯзи саломатӣ

Дар назди маркази саломатии шаҳрии №2-и  шаҳри Хуҷанд бахшида ба рӯзи саломатӣ, ки ҳамасола дар ибтидои моҳи апрел гузаронида мешавад, 7 апрели соли 2017 гурӯҳи табибон ба шахсони бемор ройгон хизматрасонӣ намуданд.

Ба беморон табибони гӯш, гулӯ, бинӣ, ташхиси сабти кори дил (ЭКГ), осебшинос, ҷарроҳ, ғадудшинос, таҳлилҳои биокимиёвӣ – клиникавӣ, асабшинос ва тибби оилавӣ хизматрасонӣ намуда, маслиҳатҳои худро доданд.