Бо мақсади мусоидат намудан барои паст намудани маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Яке аз ин чораҳо ташкили фурӯшгоҳи сайёр дар мавзеҳои серодами шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб меравад. Дар ду кӯчаҳои марказии шаҳри Хуҷанд,- майдони «Ситораҳои Хуҷанд» ва маҳаллаи 20 ум аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонии «Навгилем» ва хоҷагии деҳқонии тухмипарварии «Чоркӯҳ»- шаҳри Исфара фурӯши помидор бо нархҳои арзон ташкил карда шуд. Деҳқонони шаҳри Исфара барои сокинони маркази вилоят ҳар як килограми маҳсулоти худро ба нархҳои ду сомонӣ ва ду сомонию панҷоҳ дирамӣ пешкаш намуданд. Сокинон бо изҳори қаноатмандӣ аз ташкили чунин фурӯшгоҳи сайёр қайд намуданд, ки ин тадбир бешак барои нисбатан паст намудани нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои муқаррарии шаҳр мусоидат хоҳад кард.