Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъқид менамояд, ки “Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд,рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.  Дар мақолаи “Ҳазорсолаҳо раҳ аст аз ту то мусалмонӣ”  С. Фаттоҳзода тавонистааст иқтибосҳоро дар мавриди осори гаронмояи бузургони ҷаҳон, инчунин далели муборизаи оштинопазири илму маърифат бо таассубу ҷаҳолат, ки дарозии қарнҳо идома ёфтааст, нишон диҳад. Муҳимияти далели тасдиқкунанда аз он иборат аст, ки қарни бисту як қарни суръатфизои ҷараёни ҷаҳонишавию мобилӣ ба ҳисоб рафта, дар байни минтақаҳо ва ҳудуди геосиёсӣ  таъсири худро бештар мерасонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  (22.12.2016) оид ба масъалаи бархудор будани ҷавонон ва ба аз худ намудани илмҳои бунёдӣ, технологияи инноватсионӣ ибрози ақида намуда, таъдид доштанд, ки насли ҷавонро бояд дар рӯҳияи таҳаммумпазирӣ, омӯзиши забон ва фарҳанги миллатҳои мутарақии ҷаҳон тарбия намоем ва дар айни замон ба таърих, арзишҳои миллӣ ва фарҳанги маънавии худ арҷ гузорем. Дар мақолаи мазкур беҳуда дар мавриди инсонҳои бузург ва нақши онҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мисолҳо оварда нашудааст. Инро мо дар масъалаи таҳаммулпазирӣ мебинем, ки асоси он аз оила оғоз мешавад: “Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд ва падари оила,- мегӯяд К.Д. Ушинский,- аз фарзандони худ омода намудани шаҳрванд ба манфиати ҷомеа, бо назардошти муқаддасоти ҳуқуқҳои инсонӣ, ки ба дунёи ҳастӣ меояд — ҳуқуқ ба ислоь ва тарбияи ҳамида ба ҳисоб меравад”. Пас дар шароити имрӯза ягона роҳи дуруст, чи хеле ки дар мақола омадааст, таҳкими пояҳои давлатдории дунявист, ки дар он дин аз давлат ҷудо буда, ҳеҷ гоҳ ба ягон дин, мазҳаб ва ҷараён тарҷеҳ дода намешавад ва ин раванд метавонад оромию амнияти ҷомеаро таъмин намояд. Имрӯз, ки ҷавонон дар даврони Истиқлолият, дар зери партави нурфишони давлати озоду демократӣ бо ҳидояту ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зиндагӣ ба сар мебаранд, бояд, падидаҳои навини ба ҷомеа хосро қабул намуда, бештар барои азхудкунии илми муосир махсусан илмҳои бунёдию техникӣ шуғл варзанд. Дар ҳолати дуруст ба роҳ мондани фарҳанги тарбияи арзишҳои таҳаммулпазирӣ дар байни ҷавонон, хоса донишҷӯён, мақоми шуурнокӣ ва зеҳнии онҳо боз ҳам мустаҳкам гардида, барои пешрафт ва ояндаи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ саҳмгузор хоҳанд шуд.

Ғаюров Ҳ.Ш.- декани факултети     инноватсия ва телекоммуникатсия