Санаи 10 апрели соли 2017 дар назди Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Истиқлол»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд боз як ташкилоти ибтидоӣ бо номи «Сафина» дар ҳайати 38 нафар аъзои ҳизб таъсис дода шуда, Раиси ташкилоти ибтидоӣ Муаттар Мамадҷонова интихоб гардид.

Дар маҷлиси таъсисёбӣ муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ва муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Истиқлол» Ҳамроҳ Атаева баромад намуда, ҳозиринро бо таъсисёбии ташкилоти ибтидоӣ ва интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ табрик намуданд.