Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

 Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамасола дар кишвари офтобии мо санаи    8-уми март чун Рӯзи Модар ва рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба мақому мартабаи зан - модар таҷлил мегардад ва ба яке аз идҳои бошукуҳи  мардум табдил ёфтааст.

Ба ин муносибат бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабинии идона таҳти унвони “Ҷаннат зери қудуми модарон аст” дар театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назаров баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар,, собиқадорони ҳизб ва занҳои фаъол аз тамоми ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок доштанд.

Нахуст чорабиниро Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо иди фархунда муборакбод намуд. Мавсуф дар суханронии худ қайд кард, ки  дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ба занону духтарон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Чун зани маърифатнок метавонад, бо заковату ҳушмандӣ на танҳо мавқеи пешоҳангӣ дошта бошад, балки ҷомеаро тарбият намоянд. Занон дар ҷомеаи Тоҷикистон 50 фоизи аҳолиро ташкил карда, дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир мебозанд. Айни ҳол дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар занону духтарони соҳибкасбу соҳибмаърифат дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ меҳнати суботкорона анҷом медиҳанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ рисолати пурмасъулияти ватандорию ватансозӣ дар назди ҷавонон, аз ҷумла занону духтарон бештар эҳсос карда мешавад. 

Сипас, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон модарону бонувонро бо иди баҳор ва бузургдошти Рӯзи модар таҳният намуда, афзуд, ки имрӯзҳо пешрафти дилхоҳ соҳаро бе иштироки занону духтарон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон дар ҷомеа мақоми хосса пайдо кардаанд ва дар тамоми соҳаҳо кору фаъолияти назаррас менамоянд. Боиси ифтихор аст, ки Сарвари давлат меҳнати занону духтаронро қадр карда, нисбати фаъолияти эшон назари нек дорад ва андешаву афкор, қобилияту истеъдод ва садоқату ҷасорати ҳар як нафарро дарк мекунанд. Аз ин лиҳоз, Рўзи Модар эълон гардидани ин сана дар кишвари мо ҳаргиз амри тасодуфӣ нест, балки иқдомест, ки ба суннату анъанаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя мекунад.

  Ҳамчунин, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба самъи ҳозирин расонида, зикр дошт, ки бузургтарин рисолати модари тоҷик аз азал тарбияи фарзандони нобиғаву хирадманд, ватандӯсту ватанпараст бонангу номус, далеру шуҷоъ, озодихоҳу адолатпарвар ва ҳунарманду созанда аст. Боиси хушнудист, ки модарони мо то имрӯз ин рисолати хешро нигоҳ медоранд. Мо имрӯз ин модаронро аҳсан мегӯем.

Дар вазъияти тантанавӣ  ба 6 нафар аъзои нав интихобгардида шаҳодатномаи ҳизбӣ ва ба зани фаъола ҳунарпешаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бароат Мақсудова  Медали ҷашнӣ  супорида шуд. Инчунин  ба ҳама иштирокчиён номаи меҳр ва туҳфаҳои хотиравии кумиҷроия тақдим гардид.

Қисмати фарҳангии чорабиниро ҳунармандон ва ҳофизони номдор Умарчон Қобилов, Алловуддин ва Ҳилолиддин Шамсиевҳо, Ҳикматулло Аҳадов, Муъминҷон Муллоев, Баҳодур Илҳомӣ ва дигарон бо сурудҳои ҷаззобу рақсҳои мавзун ва бо намоишномаи пурмуҳтавои худ ба чорабинӣ шукуҳи хосса зам намуда, хотири иштирокдоронро болида гардониданд.